ос

ос
I
[آس]
санги гирде, ки ғалларо ба воситаи он орд мекунанд; ин санг агар бо қуввати об кор кунад, «осиё» ё «осиёб»; агар бо қувваи даст кор кунад, «дастос» мегӯянд
II
[آس]
кит., зоол. ҷонвари сафедранге, ки нӯги думаш сиёҳ аст ва аз пӯсту мӯи он пӯстин медӯзанд, қоқум
III
[آس]
кит., бот. дарахтест ҳамешасабз, ки баландтар аз анор буда, баргу гулаш хушбӯст, дар тиб ҳамчун даво кор фармуда мешавад, мӯрд, ранд, исмор
IV
[آس]
кит
1. қабр
2. ёр, соҳиб
3. хокистаре, ки дар оташдон боқӣ монда аст
4. нишона; нишона ва аломатҳои иморат ва ободӣ
V
[آس]
кит
1. тирандози моҳир, камонвар
2. камон, силоҳи тирандозӣ
VI
[آس]
кит. номи қавми эронии сокини Қафқози Марказӣ, ки ҳамчунин бо номҳои ирун, эсҳо ва осетҳо маълуманд

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно решить контрольную?

Полезное



Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»